(ABNA24.com) Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба идомаи раванди нузулии ибтило ба вируси карона дар кишвар тасреҳ кард: дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 1 ҳазору 574 бемори ҷадид мубтало ба Ковиди 19 дар Эрон шиносои шуд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо таъкид бар инки баъд аз муддатҳо теъдоди даргузаштагони бемории Ковиди 19 дар 24 соат ду рақамӣ шудааст, гуфт: 98 бемори дигар дар 24 соати гузашта фавтидаанд, ки дар маҷмӯъ аз замони шуюи ин беморӣ дар Эрон то кунун 4 ҳазору 683 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳамзамон бо иқдоми пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки неруҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон ва дармони афроди мубтало ба фируси корона бо ҳамроҳии ҳама ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.
Вируси карона, ки номи расмии он Ковид-19 аст, авохири соли гузашта дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд.
Ҳамакнун тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси карона ҳстанд. Теъдоди афроди мубтало ба вирусикарона дар ҷаҳон дар ҳоле ба 2 миллион нафар наздик мешавад, ки аз ин теъдод дасти кам 120 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 457 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
342/